Масалан Маълумотхо оид ба мактаби 91
Шанбе, 10.05.2024, 6:25 AM Кайд кардан Харитаи сомона Лентаи RSS
Мактаби 91
Кисми катеогория
Маълумотнома [1]
Маълумотнома оид ба муассиса
Маъмурият [0]
Саволи мо
Ба мо бахо дихед
[ Чавобхо · Архиви саволхо ]
Хамаги чавобхо: 3048
Реклама
ба аввал » Файлхо » Мактаби 91 » Маълумотнома

Маълумотнома оид ба МТМУ 91

 

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ  МИЁНАИ УМУМИИ №91

 

 

 Маълумот

оид ба таърихи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91

                        

                         Маълумот

оид ба таърихи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91

    Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91 соли 1986 ташкил ёфтааст. Муассисаи мазкур дар шањри Душанбе, дар кўчаи Гипразем 12-А љойгир аст. Иљтидори (ѓунљоиши) муассисаи таълимї  барои 960 нафар буда,он 1 бинои сеошёнаро дар бар мегирад.

   Муассисаи таълимї-муассисаи тањсилоти миёнаи умумї мебошад.

    Забони таълим дар муассиса забони тољикї аст. Дар оѓози сохташавї забони таълим њам забони тољикї ва њам забони рўсї будааст.

      Соли   1998  таълими фанни забони русиро аз сабаби норасоии омўзгорон бастаанд.  Шумораи кормандони муассисаи  педагогї соли тањсили сохташавї 46 нафар будааст ва шумораи имрўзаи кормандони 90 нафар мебошад. Теъдоди хонандагон дар соли таъсисёбї  500 нафарро ташкил  медод, дар њолати имрўза ба 2711 нафар расидааст.

  Муассисаи таълимї ба ноҳияи Синои (собиқ ноҳияи Фрунзе) шањри Душанбе таалуќ дорад.

   Шумораи хатмкунандагон муассисаи таълимї то ба имрўз синфи 9-                      3479   нафар, синфи 11 -  2375 нафарро ташкил медињад.

Директори аввалини муассисаи таълимї               Рањмихудоев  Исмоил  Мардихудоевич  мебошад.

     Рањмихудоев Исмоил Мардихудоевич 21 08.1948 дар ноҳияи Ванљи В.А.Б.К ба дунё омадаанд. Соли  1971 Донишгоҳи  омўзгории ба номи С.Айнї (собиқ ба номи  Т.Г.Шевченко) хатм намуда, дар мактаби таҳсилоти умумии №38 ноҳияи Сино ба ҳайси омўзгор то соли 1986 фаъолият намудаанд. Аз соли 1986 то соли 1991 ба вазифаи директории  муассисаи таҳсилоти умумии №91 ба ўҳда доштанд. Баъдан як сол ба вазифаи директори  Интернати кўдакон  вамаъюбони ноҳияи Варзоб фаъолият намуданд. Баъд аз он як солба вазифаи љонишини директор дар Маркази методї  ва илмии Вазорати маориф адои вазифа намудаанд. Рањмихудоев Исмоил Мардихудоевич  аз соли 1993 то соли 1998 боз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 дар вазифаи директори муассисаи номбурда кору  фаъолият  намудаанд.

         Дар давраи фаъолияти ў муассисаи таълимї ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст. Шумораи хонандагон сол то сол зиёд гардида, онҳо дар олимпиадаҳои фанни ноҳиявї ва шаҳрї сазовори љойҳои намоён гардиданд. Соли 1993 хонандагони муассиса дар озмуни ноҳиявї «Ғунчаҳои наврас» иштирок карда, љойи якум ва Дипломро  сазовор гардиданд.

Рўњашон шод бод, њоло дар ќайди њаёт нестанд.

 

Дар солҳои 1991-1993 Абдулкаримова Гулпарї Назаровна директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-ро ба ўњда дошт. Дар  ин давра низ  муаллима фаолияти хуби роҳбарї нишон тавонистанд

 

        . Ҳарчанд ки вазъияти сиёсї ва иљтисочии кишвар хуб набуд,  муаллима кўшиш  намуданд ,ки хонандагон аз таҳсил дур намонанд.

 

Аз соли 1998 то соли 2006 Бахтиёров Хуљамёр директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91  шуданд.    Бахтиёров Хуљамёр   05. 03.1961  дар ноњияи Рушон ба дунё омаданд.

   Баъд аз Абдулкаримова Гулпарї Назаровна аз соли 1993  то соли 1998 Рањмихудоев Исмоил Мардихудоевич директори муассисаи таълимї шуда, кор фаъолият намуданд.

 

    Аз соли 1998 то соли 2006 Бахтиёров Хуљамёр директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91  шуданд.    Бахтиёров Хуљамёр   05. 03.1961  дар ноњияи Рушон ба дунё омаданд. Пас аз хатми Донишгоњи омўзгории ба номи С.Айнї (собиқ ба номи  Т.Г.Шевченко)  соли 1987 ба њайси омўзгори фанни  математика дар ноњияи Рўдакї (собиќ  ноњияи Ленин) фаъолият намудааст. Соли 1995 ба њайси муаллими фанни математика фаъолияти худро  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91  шурўъ намудааст. Соли  1998 дар муассисаи мазкур Бахтиёров Хуљамёрро директор таъин намуданд.  Ў дар ин давра пайваста кўшиш намудааст , ки раванди таълиму тарбия боз њам бењтар шавад. Дарстоварњои муассиса нисбат ба солњои пешин хеле зиёданд. Хонандагони муассиса дар  олимпиадањои фаннї ва озмунињои гуногун иштирок намуда, сазовори ифтихорномањо гардиданд.  Бо роњбарї ва ташаббуси  Бахтиёров Хуљамёр коллетиви омўзгорони муассиса дар озмуни «Мактаби сол-2005» иштирок намуда, сазовори љойи аввал гардиданд,ки ин яке аз муваффакиятњои беназири муассиса ба шумор меравад.  Ў бо мењнати пурсамари худ сазовори унвони  Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон гардидааст.

 

 

 

 

Дар акс директори муассиса Бахтиёров Хуљамёр бо њамроњии љонишинњо : Хољаев Азамат, Сатторова Чаммангул, Актамова Нуриниссо, Одинаева Љулванамо.

Дар акс коллективи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91- ѓолиби озмуни «Мактаби сол- 2005»

 

 

 

9- марти соли 2006 Яќубова Шарифамоњ  Абдуллоевна директори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91 таъин  шудаанд. Ў 23.01.1964  дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаст.

 

Сол 1988 Донишгоҳи омўзгории ба номи С.Айнї (собиқ ба номи  Т.Г.Шевченко) хатм намуда,  ба вазифаи  омўзгори фанни физика аввалан дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 63 ноҳияи Шомансур-соли 2004, баъдан дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №41 ноњияи Шомансур-соли 2005 адои вазифа намудааст. Аз соли 2005 то 2006  мутахассиси Шуъбаи маорифи  ноҳияи Сино  шуда, кору  фаъолият  намудааст.

Яќубова Шарифамоњ  Абдуллоевна аз соли 2006  то соли 2012 дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №91 ба ҳайси рохбари муассисаи мазкур фаъолият намуданд.

Ў дар ин муддат бо меҳнати пурсамари худ унвони  Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистонро  сазовор гардидааст.

Дар акс роњбари муассиса Яќубова Шарифамоњ Абдуллоевна  бо маъмурияти муассиса  .

 

       Аз 04.06.2012 то инљониб вазифаи директории муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 91 –ро ба ўњда дорад. Сатторова Чамангул Карахоновна соли 18.03.1958 дар шањри Ќурѓонтеппа таваллуд шудааст. Пас аз хатми Омўзишгоҳи педагогии ба номи А.Љомии шањри Ќурѓонтеппа  1 сол омўзгори синфњои ибтидої шуда кору фаъолият намудааст.

 

     Соли 1978 ба Донишгоњи  омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї ( собиќ ба номи Т.Г.Шевченко) дохил шуда, онро соли 1982 хатм намудааст.                Собиќаи кории   37 –сола дорад. Иштирокчии озмуни «Муаллими сол-2004» мебошад. Сазовори ифтихорномањои зиёд ва унвони Аълоии маорифи  Љумњурии Тољикистон мебошад. Дастовардњои муассисаи таълимї  хеле зиёд аст. Сатњи дониши хонандагони муассиса   њар моњ аз тарафи комиссияи назоратии гурўњи сифати тањсилот санљида мешавад. Дар њар марњила   низ аз тарафи маъмурият сатњи дониши хонандагон санљида шуда, мавриди тањлил ќарор мегирад.

     

Куйбекова Сафармо, аз соли 1993 то соли 2000 љонишини директор  оид ба таълим дар синфњои ибтидої шуда фаъолият намудааст.  Ў  бо мењнат ва донишу таљрибаи бойи омўзгорї сазовори унвони  Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон  сарфароз  гардонида шуд..

 

Одинамамадова Љулванамо аз соли 2000 то 2012 вазифаи љонишини директор  оид ба таълим дар синфњои ибтидоиро ба ўњда  дошт.

 

 

Дар ин муддат  ў њамчун омўзгору маслињатчии омўзгорон дар байни коллектив обрўйи  зиёде гардида буд. Хизматњои пурсамари муаллима аз тарафи давлат ќадр карда шуд. Муаллима бо унвони Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон  сарфароз  гардонида шуд. Моњи июни соли 2012 директори муассисаи тањсилоти  миёнаи умумии №98 ноњияи Сино таъин гардид.

 

Хољаев Азамат  аз соли        2000 –ум то инљониб љонишини директор оид ба таълим мебошад.

 

Ў њамчун шахси донандаи касби худ ва   љонишини директор дар тамоми њуљљатгузорию коргузории муассиса сањми худро дорад. Хољаев Азамат  унвони Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистонро дорад.

Одинаева Гулшан аз соли 2012 то инљониб љонишини директор оид ба таълим мебошад. Ў њамчун омўзгори љавон дар њамаи љабњањои таълиму  тарбия сањми беандоза дорад.

Омўзгорони  зерини  муассиса :

  1. Сатторова Чамангул
  2. Хољаев Азамат
  3. Куйбекова Сафармо
  4. Бахтибекова Зуњро
  5. Рањимов Тоњир
  6. Содиќова Гулљањон
  7. Нарзиева София
  8. Шукурова Мавлуда

унвони Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистонро сазовор гардидаанд.

Хонандагони муассиса  дар озмунҳои гуногуни ноҳиявї ва шаҳрї, ба мисли «Шукуфаҳои пойтахт», «Фуруғи ориёно», «Расми беҳтарин», «Ровиёни беҳтарин», «Навқаламон» иштирок намуда, сазовори ифтихорномаҳо ва љойҳои намоён гардиданд. Соли гузашта хонандаи 11-А Сайдалиев Назрихуља сазовори « Медали нуќра» ва Шањодатномаи намунавии махсус гардид. Инчунин,  ў дар озмуни шањрии «Навќаламон» ва озмуни «Истеъдодњои љавон»  љойи аввалро гирифт.

   Хонандагони муассиса 14 нафар дар олимпиадаҳои фаннии ноњиявї ва шањрї иштирок намуда љойњои сазоворро ноил гардиданд.

3 нафар хонандагон дар олимпиадаҳоифаннии љумњуривї иштирок  намуданд:

1.Ғаниев Илҳомиддин Назриддинович  (хонандаи синфи 11-А) аз фанни забон ва адабиёти тољик

2.Раҳимова Дилафрўз (хонандаи синфи 11-Б)-аз фанни технологияи информатсионї

3.Қурбонов Шаҳром  (хонандаи синфи 11-Б)-аз фанни география

    Зиёда аз  46 нафар хонандагони  синфи 9 « Шањодатномаи аъло» гирифтанд. 31нафар хонандагони синфи 11.муассисаи мазкурро бо баҳои аъло хатм намуданд.  Соли 2012 хонандаи синфи 11-А Музафаров Анушервон  сазовори  Шаҳодатномаи намунавии махсус ва « Медали нуќра» гардид.  Соли 2013 низ хонандаи 11-А Сайдалиев Назрихуља сазовори « Медали нуќра» ва Шањодатномаи намунавии махсус гардид.

Зиёда  аз 26 нафар хатмгони муассиса дар хориљи кишвар таҳсили илм менамоянд.

    Омўзгорони муассиса барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва касби хеш кўшиши беандоза менамоянд. Онҳо дар таълиму тарбияи хонандагон аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир истифода менамоянд. Омўзгорон Ҳасанова Ҳосият, Одинамамадова Љулванамо, Љуманазарова Ҳадя,  Сатторова Чамангул Азизбекова Мадика                                                  ,Шукурова Мавлуда  ва Мирзоева Њумайро иштирокчиёнии озмуни «Муаллими сол» мебошанд.

    Соли 2014 Абдуллоева Марњабо дар озмуни «Волидайни бењтарин» иштирок намуданд. Имсол роњбари синфи 8-Б Шукурова Мавлуда дар озмуни ноњиявии «Синфи бењтарин» иштирок намуданд.

Хонандаи синфи 10-В Салихов Абдулло дар озмуни ноҳиявии «Хонандаи     сол-2014» иштирок намуд. Иштирокчиёни озмуни «Хонандаи сол-2010»Музаффаров Анушервон-, «Хонандаи сол-2011» Сайдалиев Назрихуља,«Хонандаи сол-2012» Ѓаниев Илњомиддин мебошанд.

Ғаниев Илҳомиддин хонандаи синфи 11-А дар озмуни шаҳрї «Расми беҳтарин» љойи аввалро ноил гардид. Инчунин, Ў дар озмуни љумҳуриявии «Дурахшандагон» ширкат намуда љойи аввалро гирифт  ва барои идомаи таҳсил   ба хориљї кишвар роҳхат гирифт. Аксарияти хонандагони муассиса дар мусобиқаҳои варзиши иштирок намуда, сазовори «Медали тилло ва нуқра» гардиданд, ки  шумораи онҳо дар муассиса зиёданд. Махсусан, бародарон Нуров Рустам- хонандаи синфи 8-Ғ ва Нуров Муҳаммад- хонандаи синфи 4-В  дар мусобиқаҳои варзишии Љумҳуриявї ва   хориљи  кишвар иштирок намуда, сазовори 13-то  « Медалҳои тилло ва нуқра» гардиданд. Аз  байни духтарон хонандаи синфи 9-Д  Каримова М. ва  хонандаи синфи 8-А Љаборова С.  дар мусобиқаҳои варзишии Љумҳуриявї сазовори љойи дуюм ва «Медали нуқра» гардиданд. 

  Бинои муассисаи таълимї таъмири хуб карда шуд, 3 кабинет- математика, кабинети лингафонї  ва  биология харидорї карда шуд.

 

Хонандагон ва омўзгорони муассиса дар навштани мақолаҳо , кросвордҳою филвордҳо хело фаъол мебошанд. Хонандаи синфи 11-Б Назаров Султоншо Қосимович дар аксарияти рўзномаҳо кросвордҳоюфилвордҳои зиёде ба нашр мерасонд.

Куйбекова Сафармо   6 сол аст ,ки дар таҳияи китобҳои  дарсї ва барномаҳои таълимї саҳмгузорї менамояд. Ў соли 2011 муаллифи китоби забони тољикї  барои синфи-2 буд. Инчунин, вай Барномаи  таҳсил дар хона-ро барои хонанадагоне, ки дар хона  таҳсили илм мегиранд, навиштааст.

хамаги коментария: 0
Добавить комментарий
Имя *:
Email:
Подписка:1
Код *: